Донишгоҳи давлатии Данғара макони баргузории мусобиқаҳои минтақавӣ гардидааст

Бахшида  ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии Данғара байни донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишгоҳи давлатии Данғара ва  Донишкадаи технология ва   менеҷменти инноватсионӣ  дар шаҳри Кӯлоб аз намуди волейбол мусобиқаи минтақавӣ баргузор гардид. Дар ин бора  ёвари ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад  Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар мусобиқаи мазкур дастаи волейболбозони Донишгоҳи давлатии Данғара ҷойи якум, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  ҷойи  2-юм ва Донишкадаи технология ва   менеҷменти инноватсионӣ  дар шаҳри Кӯлоб ҷойи 3-юмро ишғол намуданд.  Ба иштирокчиёни мусобиқа аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара туҳфаҳо тақдим гардида, ғолибон бо 400 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин мусобиқаҳо ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди варзиши касбӣ дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, инчунин баланд бардоштани маҳорати варзишии донишҷӯён ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олӣ равона гардидааст.

Бо мақсади татбиқ намудани Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   ҷалб намудани донишҷӯён ба ҳаёти солим раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара тадбирҳо андешида, донишҷӯёни донишгоҳро мунтазам ба  мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ҷалб менамояд.

Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ  аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара лавозимоти варзишӣ, аз қабили тӯбҳои волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз ва тӯри теннисбозӣ харида шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: