Илҳомиддин Шоев

ДУШАНБЕ АЗ МОСКВА ХОҲИШ КАРД, ТО САБАБҲОИ МАРГИ ШОЕВРО ШАРҲ ДИҲАД. Шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон ҳангоми бозпурсӣ дар шуъбаи корҳои дохилии яке аз ноҳияҳои пойтахти Россия ҷон дод

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода имрӯз ба Вазири  корҳои дохилии Россия генерали политсия Владимир Колоколсев дар пайи қазияи марги як шаҳрванди Тоҷикистон  дар шӯъбаи политсия барқия ирсол намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон хабар  доданд.