ТВТ. 29.06.2022. Ду шабакаи телевизиони навтаъсиси давлатӣ «Илм ва Табиат» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба пахши моҳворавӣ пайваст мешаванд. Дар ин бора 27 июн зимни мулоқот Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин бо Директори иҷроияи ширкати «Ал-Майсан»-и Амороти Муттаҳидаи Араб Ҷон Намур ба мувофиқа расиданд.
Тавре дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳо вобаста ба вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Кумита ва ширкати «Ал-Майсан»-и Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти таъмини пахши моҳворавии барномаҳои телевизионҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нуриддин Саид аз ҳолати кунунии ҳамкориҳои ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии кумитаро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд изҳор дошт.
Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон — «Илм ва табиат» 14 апрели соли 2021 ва телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» 1 апрели соли 2022 ба фаъолият шуруъ карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»