Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар байни 760 донишгоҳи Осиё ба қатори беҳтаринҳо шомил шуд

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар байни 760 донишгоҳи Осиё ба қатори беҳтаринҳо шомил гардид. Чунин баҳои баландро Ширкати британиягии «Quacquarelli Symonds (QS)», ки рейтинги донишгоҳҳои беҳтарини Осиё— 2023 (QS World University Rankings: Asia 2023)-ро муайян менамояд, эълон намудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар шарҳи ширкати британиягии «Quacquarelli Symonds (QS)» омадааст, ки самти робитаҳои байналмилалӣ ва имконияти таълим, аз қабили табодули академӣ, таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ, ҳамкории илмию таълимӣ бо муассисаҳои илмию эҷодии хориҷи мамлакат мавриди назар қарор гирифтааст.

Барқарор намудан ва густариши ҳамкории илмӣ, таҳсилотӣ ва фарҳангӣ бо макотиби олӣ ва марказҳои илмии давлатҳои хориҷӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти раёсати донишгоҳ мебошад.

Имрӯз донишгоҳ бо зиёда аз 350 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии хориҷи мамлакат созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ дорад, ки пайваста бо ҳамтоёни хориҷӣ равобити судмандро амалӣ мегардонад.

Имрӯз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои 19 факултет, 125 кафедра, 124 ихтисос, Институти илмию таҳқиқотӣ, Литсейи равияҳои табиию риёзӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии назди донишгоҳ, Донишкадаи Конфутсий, озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ ва таҳқиқотӣ, марказҳои интернетӣ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраҳои лингофонӣ, зиёда аз 10 маркази хизматрасонии таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ мебошад. Донишгоҳ барои донишҷӯён, магистрантон ва докторантони ватанию хориҷӣ беҳтарин хобгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир дорад. Донишгоҳ беш аз 2 ҳазору 500 нафар устоду корманд ва қариб 23 ҳазор нафар донишҷӯро муттаҳид намуда, тамоми шароити заруриро барои таълим фароҳам сохтааст.

Tags: