Сабқати вилоятӣ байни шоҳмотбозони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо пирӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба итмом расид. Сабқат шаш рӯз давом кард ва дар он наздики 50 нафар аз шоҳмотбозони баргузидаи вилоят ширкат доштанд.
Сардовари мусобиқа Вафомамад Нурмамадов бо изҳори хушҳолӣ гуфт: «Донишҷӯён аксарияти ҷавонон, ҳатто варзишгарони ботаҷриба ва соҳибунвонро шикаст дода, дар сархати ҷадвали ин сабқат қарор гирифтанд. Пирӯзии ҷавонон бори дигар моро умедвор месозад, ки федератсияи шоҳмот сарфи назар аз баъзе мушкилоти техникӣ дар роҳи дуруст гом мебардорад. Яке аз омилҳои пирӯз гардидани ҷавонон дар сабқати мазкур-ин дар синфҳои ибтидоӣ ба роҳ гузоштани дарси шоҳмот мебошад. Минбаъд ин ҷавонон мустақилона бо истифода аз шабакаи интернет ва рӯзномаву маҷалаҳои соҳавӣ малакаву маҳорати худро такмил медиҳанд».
«Мақоми дуюмро низ донишҷӯи ҳамин донишгоҳ Алишер Мамадаёзов ишғол кард. Ин сабқат бо кумаки молии ширкати «Помирэнерҷӣ» ва ҶДММ «Шарқ Ко» баргузор гардид. Ба ғолибон мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд»,-хабар дод манбаъ.
АМИТ «Ховар»