Ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ зиёда аз 1 129 кг маводи нашъадор мусодира намуданд

Дар шаш моҳи аввали соли 2018 миёни хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад 17 маротиба задухӯрди мусалллаҳона ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 7 қочоқчӣ нобуд ва 21 нафари дигар дастгир гардиданд.

Дар ин бора зимни  ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматӣ-ҷангии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Дар ҷаласа роҳбарияти КДАМ, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, сардорони отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки дар ин давра 19 маротиба кӯшиши убури ғайриқонунии хати сарҳад пешгирӣ карда шуда, 66 далели вайронкунии сарҳади давлатӣ ва 42 далели вайронкунии низоми сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд. Инчунин 92 нафар вайронкунандаи сарҳади давлатӣ ва 87 нафар вайронкунандаи низоми сарҳади давлатӣ боздошт гардиданд.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2018 аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратии ҷумҳурӣ аз қочоқчиён ба миқдори 1 129 кг 331 гр маводи нашъадор, аз ҷумла,  70 кг 224 гр  героин,  339 кг 416 гр афюн, 535 кг 914 гр ҳашиш, 183 кг 777 гр бангдона (канабис),  125 кг 850 гр маводи мадҳушкунанда дарёфт ва мусодира гардида, 208 228 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

Дар натиҷаи ин амалиёт 14 адад яроқҳои оташфишони тамғаҳои гуногун, 443 дона тирҳои қутрашон гуногун, 3 адад маводи тарканда, 25 адад лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: