ДДМИТ бо зиёда аз 115 муассисаи олии таълимӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ) дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун муассисаи олии таълимии пешрафтаи Тоҷикистон эътироф шудааст. Далели ин майли шартномаи ҳамкорӣ бастан аз ҷониби муассисаҳои олии таълимии давлатҳои Аврупо мебошад. Ин матлабро ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз дошт.

Шукрулло Хайрзода дар робита ба ҳамкории байналмилалии Донишгоҳ зикр кард, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон бо 5 муассисаи олии хориҷи мамлакат, аз ҷумла бо Донишгоҳи давлатии Жетисуск ба номи И. Жансугуроваи Ҷумҳурии Қазоқистон, Академияи иқтисодии Молдовияи Ҷумҳурии Молдова, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқии Қазоқистон ба номи М.С. Нарикбаев, Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубии Федератсияи Россия шартномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расонида шуд.

Дар маҷмӯъ ДДМИТ аз давраи таъсис ба самти рушди фаъолияти байналмилалӣ диққати махсус зоҳир намуда, бо зиёда аз 115 донишгоҳ ва ташкилоти хориҷию дохилӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст.

Дар шашмоҳаи дуюми соли таҳсили 2019-2020 ба Донишгоҳи давлатии Пскови Федератсияи Россия 10 нафар, Донишгоҳи давлатии Петрозаводск 1 нафар ва Мактаби олии иқтисодии шаҳри Перми Федератсияи Россия 1 нафар барои идомаи таҳсил равон карда шуданд.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмолаи Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ таъкид гардид. Барои баланд бардоштани сатҳи забондонии устодон дар асоси шартномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ бо Маркази фарҳангии “Бохтар” барои омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ дар Донишгоҳ Маркази илмиву фарҳангии Бохтор (Бактрия) ташкил гардид.

Инчунин дар доираи шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Норгемптони Британия Кабир дар доираи Барномаи Эразмус+ устодони Донишгоҳи Нортгемптони Бритониёи Кабир ба ДДМИТ омада, ба донишҷӯёни ихтисоси менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ маърӯза хонданд.

Дар донишгоҳ айни ҳол 817 донишҷӯ аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Афғонистон таҳсил доранд.

Роҳбарияти ин муассисаи олии мамлакат иттилоъ дод, ки дар ин давра бори аввал дар таърихи Донишгоҳ 8 мақола дар маҷаллаҳои бонуфуз SCOPUS ва Web of Sciense ба чоп расид, ки нуфузи донишгоҳро дар байни муассисаҳои дохил ва хориҷи мамлакат боз ҳам боло бурд.

АМИТ «Ховар»

Tags: