Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тибқи тартиби нав баргузор мегардад

25 июл даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар ноҳияҳои мамлакат тибқи тартиби нав — бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва бе ҷалби тамошобинон доир мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бинобар дар оғози моҳи май дар Тоҷикистон паҳн гардидани бемории COVID-19 ва зарурати андешидани тадбирҳо барои пешгирии ин беморӣ баргузории даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ба таъхир гузошта шуда буд. Имрӯзҳо, ки вазъи санитарию эпидемиологии мамлакат ба эътидол омадааст, тартиби нави баргузории даври якуми озмун аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Тибқи тартиби нав даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 25 июл то 12 август, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз 25 июл то 26 август, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 25 июл то 3 сентябр, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1 то 26 август ва дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе аз 18 то 24  август баргузор мегардад.

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор карда мешавад. Ҷиҳати амалӣ кардани озмуни мазкур аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 140 000 (ду миллиону яксаду чил ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо гардидааст.

Ҳадаф аз баргузории озмун-ин дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: