Даври аввали Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» ҷамъбаст гардид

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки Кумитаи тадорукоти Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016», шабакаҳои телевизион ва намояндагони 10 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  машварати  корӣ доир шуд. Ба намояндагони шаҳру навоҳии Панҷакент, Кӯлоб, Вахш, Рӯшон, Роғун, Рӯдакӣ, Ҳисор, Файзобод, Тоҷикобод ва Сино, ки ғолиби даври аввал гардидаанд, варақаҳои роҳхат барои иштирок дар даври дуввум супорида шуд.
Хотиррасон менамоем, ки даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» бахшида   25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 23 августи соли 2016 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: