11 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил карда мешавад. Дар робита ба ин Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул намуд.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода имрӯз меҳмони АМИТ «Ховар» шуда, дар суҳбат бо хабарнигорони мо иброз дошт, ки санаи мазкур мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.
Ба гуфтаи мавсуф, тибқи қарори қабулгардида, 11 август соати 6:30-и субҳ дар масҷидҳои ҷомеи мамлакат намози Иди саиди Қурбон баргузор мегардад. Дар ин соат муқаррар намудани вақти намоз ба он хотир аст, ки шахсони дорои имконият баъд аз адои намоз бояд қурбонӣ анҷом диҳанд.
«Фаромӯш набояд кард, ки қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имконияти кофии моддиву молӣ воҷиб аст. Қурбонӣ бояд ба шахсони дорои имконияташон маҳдуд, ниёзмандон, маъюбу беморон ва пирону барҷомондагон дода шавад. Ҳикмати қурбонӣ кардан дар он аст, ки бояд инсони доро бидиҳад ва камбизоат қабул намояд. Ин тартиботи муқаррарнамудаи дини Ислом мебошад», — афзуд Саидмукаррам Абдулқодирзода.
«Маънои луғавии калимаи «қурбон» наздикӣ ҷустан ба Худо ва дарёфти хушнудии ӯст. Аз ин хотир, — мегӯяд Раиси Шӯрои уламо, — вақте, ки шахс ин амалро анҷом медиҳад, Худованд кафили баракати моли ӯ мешавад».
Бино ба шарҳи Раиси шӯрои уламои Тоҷикистон, ҳикмати Иди Қурбон он аст, ки шахсро ба ибодату ниёиш ва анҷом додани корҳои хайру савоб даъват менамояд. Дар доираи муқаррароти иди Азҳо қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имкониятҳои молӣ воҷиб аст. Шахсоне, ки дорои имконияти фарох нестанд ва дар пешбурди зиндагӣ мушкилоту тангдастӣ доранд, аз тариқи дуруду фотеҳа хондан ба рўҳи гузаштагон, аёдати қабри наздикон ва риояи одобу ахлоқи ид иктифо мекунанд.
Ба андешаи ходимони дин, аз нигоҳи динию фиқҳӣ қурбонӣ кардан назди аксари уламои ислом суннат аст ва дар мазҳаби Имом Абўҳанифа (р) воҷиб аст. Вале воҷиб шудани ин амр се шарт дорад: якум, шахс мусулмони озод бошад; дуюм, муқим бошад; сеюм, сарватманду доро бошад. Яъне қурбонӣ кардан барои мусулмони озод, сокину муқим дар ватану манзили худ ва дорои ҳадди нисоб воҷиб мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16 августи соли 2018 дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Вахш дар мавриди Иди саиди Қурбон сухан карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки «қурбонӣ кардан яке аз суннатҳои ин ид мебошад, вале набояд фаромӯш кард, ки тибқи аҳкоми шариат ва фатвои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ иҷрои ин амал танҳо ба шахсоне дуруст аст, ки шароити хуби зиндагӣ ва имконияти кофии молиявӣ доранд. Ба шахсоне, ки дар рӯзгорашон мушкилот доранд, серфарзанд ҳастанд ё сарпарастии чандин нафари дигарро ба уҳда доранд, қурбонӣ кардан ва хайру садақа додан дуруст нест».
Саидмукаррам Абдулқодирзода дар ин радиф гуфт: «Инсонҳое, ки дороянд қурбонӣ кардан мушкил нест. Вале шахсоне, ки камбизоту нодоранд ба хотири ақиб намондан аз ҳамсоя маҷбуран ва барои худнишондиҳӣ қурбонӣ мекунанд. Ҳол он ки дар ин кори онҳо ҳеҷ аҷру савобе мавҷуд нест».
Оростани дастархонҳои серхарҷ ва худнамоӣ кардан дар арафаи ин ид яке аз масъалаҳое мебошад, ки миёни мардуми мо бештар ба мушоҳида мерасанд.
Раиси Шӯрои уламо бар он назар аст, ки чи дар шарқу ғарб ва чи дар мамлакатҳои арабиву исломӣ чунин исрофкорӣ ва дастархонороиву зиёдаравӣ ба назар намерасад.
«Вале тавре мушоҳида мекунем, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд ин корҳо дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон бештар ба назар мерасад. Бояд гуфт, ки дар хусуси оростани дастархони идона дар ин рӯз далели шаръӣ, мантиқӣ, воқеӣ ва ақливу нақлӣ вуҷуд надорад», — илова намуд С.Абдулқодирзода.
Пешгирии зиёдаравию худнамоӣ, анҷом додани корҳои хайру савоб ва дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ин бора сухан мекунанд.
Аз ҷумла, 12 майи соли 2018 Сарвари давлат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат, ки ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон доир гардида буд, дар баробари таҳлили мавзӯъҳои муҳими глобалии замони муосир оид ба пешгирии зиёдаравиҳо дар арафаи идҳо сухан карданд.
Пешвои миллат, аз ҷумла зикр намуданд, ки дар арафаи иду айём, алалхусус, идҳои Рамазону Қурбон баъзе ҳамватанони мо барои оростани дастурхони намоишкоронаи идона аз бозору мағозаҳо маҳсулотро чунон зиёд мехаранд, ки гӯё фардо дунё ба охир мерасида бошад.
«Чунин рафтор ғайр аз зоҳирпарастӣ, зиёдаравӣ ва исроф чизи дигаре нест. Чунин шахсон бояд донанд, ки ба андозаи зарурат муҳайё кардани маводи ғизоӣ, худдорӣ кардан аз исрофкорӣ ва оростани дастурхони камхарҷи маънавӣ барои аҳли хонаводаву хешу табору ҳамсояву дӯстон савобу манфиати зиёд дорад»,-таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зиёдаравии мардум ҳатто ба он оварда мерасонад, ки тоҷирони беинсоф дар ин йём нархи маҳсулотро дучанд мегардонанд. Ҳол он, ки дар аксари кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин тоҷирон нархро, баръакс, дар ин моҳ арзон мекунанд, то бо ҳамин роҳ низ соҳиби савоб шаванд.
«Ба таври сунъӣ боло бурдан нархҳо аз назари дини ислом ҳаром шуморида мешавад. Зеро он ба табақаҳои мухталифи ҷомеа душворӣ расонида, паёмаду мусибатҳои зиёдеро дар пай меорад», — афзуд Раиси Шӯрои уламо.
Ёдовар мешавем, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънаӣ ва камхарҷ ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдараӣ роҳ додан манъ гардидааст.
АМИТ «Ховар»