Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Бангладеш бар дастаи Непал ғалаба ба даст овард

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол ​дар бозии нахустинаш  дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми тиллоии Бангабанду («Bangabandhu Gold Cup») бар дастаи мунтахаби  Непал бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ин бозӣ  шоми  дирӯз, 2 октябр, дар варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт»-и пойтахти Бангладеш — шаҳри Дакка — баргузор шуд.

Дар дақиқаи 27-уми вохӯрӣ бозигари непалиҳо дар ҷаримагоҳи дастааш муқобили ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Ҷаҳонгир Эргашев қоидаи бозиро вайрон кард ва  сардовари бозӣ ба дарвозаи мунтахаби Непал ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ таъйин намуд. Тӯбро капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон, нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев  ба ҳадаф расонд ва ҳисобро боз намуд.

Муаллифи  голи дуюми дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар дақиқаи 69 ҳамлагар Комрон Турсунов  гардид.

Дар   бозии нахустини  ин мусобиқа 1 октябр  дастаи  мунтахаби Бангладеш  дастаи мунтахаби  Лаосро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз дастаи мунтахаби Тоҷикистон тимҳои миллии Филиппин, Фаластин, Бангладеш, Непал ва Лаос иштирок мекунанд. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» Тоҷикистон, Фаластин, Непал ва ба гурӯҳи «В» Филиппин, Бангладеш ва Лаос дохиланд.

Бар асоси дастури мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду даста ба нимфинал мебароянд. Дар марҳилаи плей-офф бозиҳо аз рӯи системи олимпӣ сурат мегиранд, яъне дастаи мағлубшуда аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум мегардад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии дувумашро дар ин мусобиқа  рӯзи панҷшанбе, 4-уми октябр, муқобили дастаи мунтахаби Фаластин анҷом медиҳад. Дар мавриди ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтан футболбозони тоҷик бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» ( Филиппин, Бангладеш ва Лаос) вориди рақобат мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: