ТВТ.23.08.2022. 22-юми август Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси гурӯҳи дӯстии парлумонии Эрон ва Тоҷикистон, узви Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Ҷалил Раҳимӣ мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалии худ ба ҳамкорӣ бо Эрон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати густариши муносибатҳои байнипарлумонӣ 20 октябри соли 2011 ба пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба бо имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкории байнипарлумонӣ замина гузоштанд.
Миёни Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият менамояд.
Дар заминаи робитаҳои байнипарлумонии кишварҳо қадамҳои устувор гузошта шудаанд. Ҷаласаи фосилавии Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки моҳи марти имсол баргузор гардид, далели ин гуфтаҳост.
Ҷалил Раҳимӣ сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ба Тоҷикистонро оғози фасли навин дар раванди муносибатҳои парлумонии ду кишвари бародар шумурда, хостори тақвияти ҳамкории маҷлисҳои ду кишвар аз тариқи фаъол намудани гурӯҳҳои дӯстии муштарак гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
Манбаъ: parlament.tj