Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар асоси лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат», ки имрӯз аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул шуд, мақоми Асосгузори Тоҷикистони мустақил дода мешавад.
Эмомалӣ Насриддинзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни конститутсионӣ дар назди вакилони Парлумон гуфт, ки дар асоси лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, минбаъд дар толори ҷаласаҳо барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷои махсуси ифтихорӣ ҷудо карда шуда, бо таҷҳизот таъмин мегардад. Инчунин Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ташкил ва ба роҳ монда шуда, Орден ва Ҷоизаи давлатии Пешвои миллат таъсис дода мешавад.
Таҳия ва қабули лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» ба ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, боло бурдани рӯҳияи патриотизм, садоқат ба мардум ва давлатмеҳварӣ нақши муассир мегузорад. Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» аз пешгуфтор ва 19 модда иборат буда, аз ҷониби чор нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Бо қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат», ки моҳи декабри соли 2015 аз ҷониби вакилони Парлумони Тоҷикистон қабул гардида буд, аз эътибор соқит дониста мешавад.
АМИТ «Ховар»