Дастаи футболи мунтахаби то 19-солаи Тоҷикистон дар доираи бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2018 бар дастаи мунтахаби Малдив бо ҳисоби калони 5:0 ғолиб омад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Баъд аз ин ғалаба дастаи мунтахаби то 19-солаи кишвари мо бо касби 7 имтиёз дар гурӯҳи «В» баъд аз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон мавқеъ гирифт.
Бозии тақдирсози гурӯҳи мазкур рақобатҳои ду дастаи мунтахаби пешсаф-Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хоҳад буд, ки баргузории он 8 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дар назар аст.
АМИТ "Ховар"