Имрӯз дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе, бозии сеюми силсилаи ниҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 байни «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, бозӣ соати 18:00 оғоз мегардад. Пахши мустақими бозиро дар шабакаи телевизионии «Варзиш», инчунин дар Интернет дар платформаи MycujooTV ва вебсайти расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон тамошо кардан мумкин аст.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дастаҳо бо ҳисоби мусовӣ (1:1) анҷом ёфт, вале дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахти дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд омад карду бо ҳисоби 4:3 ғолиб омад. Дар бозии дуюм дастаи «Сипар» бо ҳисоби 6:2 бар дастаи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ғалаба кард. Ҳарду бозии аввал дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуданд. Ҳамин тариқ, дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар силсилаи бозиҳо бо ҳисоби 2:0 пешсаф аст ва пас аз як ғалабаи дигар аввалин бор чемпион хоҳад шуд.
АМИТ «Ховар»