ТВТ.16.08.2022. Калонтарин популятсияи бузи кӯҳии пармашох (руси: винторог, англ.: сaprafalconeri) дар ҷаҳон, ки миёни мардум бо номи морхӯр маъмул аст, дар минтақаи мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон боқӣ мондааст. Чунин зикр намуд Директори Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» Баҳодур Икромов зимни боздиди экожурналистон аз мамнуъгоҳи мазкур.
Сафари намояндагони расонаҳои хабарӣ ба ин минтақаи зебоманзари кӯҳистони Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ба экожурналистон мутахассисону кормандони муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ва Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» доир ба экосистемаҳои мамнуъгоҳи мазкур иттилои муфассал доданд.
Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» соли 1983 бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории олами набототу ҳайвоноти нодири ин минтақа, аз ҷумла бӯзи кӯҳии пармашох, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал), бабри барфӣ ва дигар намудҳои нодири набототу ҳайвоноти ин минтақа дар масоҳати 19,7 ҳазор гектар ташкил гардидааст. Аз он 2987 гектарро заминҳои ҷанггалпӯши табиӣ, 1693 гектарро ҷангалзори тунук, 15 020 гектарро заминҳои аз ҷангал холӣ, 73 гектарро марғзор, 1194 гектарро даштҳо, 25 гектарро обҳо, 20 гектарро боғҳо, 1 гектарро роҳҳо, 41 гектарро қумзор ва 1 гектарро биноҳои маъмурӣ ташкил медиҳанд.Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» дар қисмати ҷануби Тоҷикистон, дар минтақаи сарҳадии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, дар ҷанубу ғарби силсилакӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ бо қисми ҷараёни рости дарёи Панҷ, аз рости соҳил дар баландии 700-3000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, аз самти шимол ба ҷануб 18 км ва аз ғарб ба шарқ 25 км тӯл кашидааст.
Тавре Директори Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» Баҳодур Икромов гуфт, «Дашти Ҷум» ягона мамнуъгоҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар он намудҳои нодири олами наботот, аз қабили писта, зираи бухороӣ, намудҳои нодири рустаниҳои таҳҷоӣ -бодоми Вавилов, олуи дарвозӣ, намудҳои гуногуни арча, арчаи зарафшонӣ, фарк, хуч, дулона, дарахти туғ, намудҳои гуногуни пиёзи кӯҳӣ, моил, камол ва ғайраҳо мерӯянд. Ҳудудҳои мамнуъгоҳ дар марзи Помиру Дарвоз ҷой гирифта, релефаш аз дараҳои чуқур иборат буда, дарёчаҳо ба ҷанубу ғарб ҷорӣ мешаванд. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ қаторкӯҳҳо ва қуллаҳои баландиашон аз 1500 то 3000 метр ҷой гирифтаанд. Иқлими мамнъгоҳ муътадил буда, зимистони начандон хунук дорад. Аз ҳама хунуктарин моҳ январ аст, ки сардии ҳаво то ба -22 дараҷа мерасад. Дар моҳҳои июл–август ҳарорат ба +40 дараҷа мерасад. Инчунин миқдори солонаи бориш дар мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум» ба ҳисоби миёна 543 мм-ро ташкил дода, миқдори асосии бориш ба фасли зимистон ва баҳор- моҳҳои декабр-май рост меояд.
Дар экосистемаҳои табиии мамнуъгоҳ беш аз 1400 намуди растаниҳо мерӯянд, ки 160 намудашон таҳҷоӣ буда, 39 намудашон ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд. Инҳо ҳолмон, бениуми форсӣ, пиёзи анзур, пиёзи Суворов, лолаи ҷангалӣ, гули сиёҳгӯш ва ғайра мебошанд. Олами ҳайвоноти мамнуъгоҳ ҳам бою гуногун буда, ба 233 намуд ҷудо мешавад, ки 52 намудашонро ширхӯрон, 139 намудро парандагон, 20 намудро хазандагон, 14 намудро обхокиҳо ва 8 намудро моҳиҳо ташкил медиҳанд. Аз ин намудҳо 17 намудашон ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла кӯршапараки гӯшкалон, хирси маллаи тиёншонӣ, сагобии осиёи миёнагӣ, силовсини туркистонӣ, бабри барфӣ, фанак (манул), мири мушон, оҳуи бухороӣ, бузи пармашох, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, аз парандагон лаклаки сиёҳ, бургут, уқоби ришдор, уқоби морхӯр, лочин ва инчунин мори кубро дохил карда шудаанд. Инчунин дар мамнуъгоҳ 3000 намуди ҳашарот вомехӯрад.
Мавриди зикр аст, ки бабри барфӣ ва бузи пармашох, ки саршуморашон дар мамнуъгоҳ беш аз 800 сар аст, ҳамчун намудҳои нодири олами ҳайвонот ба Китоби Сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ворид гардидаанд.
Мамнуъгоҳ дар ҳифз ва омӯзиши табиати нотакрори ин минтақаи кӯҳистон аҳамияти калон дошта, бо назардошти ҳифзу нигоҳдории генофонди бузи пармашох ва гӯсфанди кӯҳии бухороӣ дар мамнӯъгоҳ корҳои парвариш ва барқарорсозии саршумори ин намуд ҳайвонҳо ба нақша гирифта шудаанд. Баҳодур Икромов афзуд, ки «нақши Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» дар нигоҳдорӣ ва ҳифзи олами бойи набототу ҳайвонот, афзун намудани шумораи намудҳои нодир ва барқарорсозии системаҳои устувори экологии мавзеъҳои ҳифзшаванда дар шароити тағйирёбии иқлим хеле бузург аст».
Тавре муовини Директори Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Нуралӣ Саидов зикр намуд, «дар доираи «Барномаи рушди минбаъдаи Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» барои солҳои 2021-2025» ҳолати экологии гузаргоҳҳои табиӣ барои таъмини бехатарии гуногунии биологӣ, ҳолати экологии растаниҳо, хусусан растаниҳои нодир ва вазъи экологии олами ҳайвонот беҳтар карда мешавад. Хусусан дар доираи ин барнома ташкили парваришгоҳҳои хурд дар масоҳати 6 гектар бо мақсади зиёд намудани саршумори бузи кӯҳии пармашох , гавазни бухороӣ дар масоҳати 4 гектар ва кабки дарӣ дар масоҳати 2 гектар ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ барои парвариши онҳо дар шароити ғайритабиӣ, таъмини базаи моддию техникӣ ва баланд бардоштани дараҷаи тахассуси кормандони мануъгоҳ, таъмири бинои маъмурӣ ва осорхонаи он, бунёди 6 бунгоҳи назоратӣ ва мушоҳидавӣ дар назар аст».
Инчунин дар чаҳорчӯби барнома гузаронидани баҳисобгирии ҷангалҳо, мониторинги биологии олами набототи мамнуъгоҳ, хусусан растаниҳои нодир, арзёбии ҳолати экологии онҳо, ба роҳ мондани омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ба популятсия ва ареали растаниҳои нодир, ташкили парваришгоҳи растаниҳои дорои аҳамияти экологӣ ва иқтисодӣ–иҷтимоӣ, бахусус камоли бадбӯй ва зира дар масоҳати 10 гектар дар минтақаҳои муҳофизатии (буферӣ) мамнӯъгоҳ ва гузаронидани корҳои илмию омӯзишӣ барои муайян намудани хусусияти биологии гиёҳҳои шифобахш ва таъмини низоми истифодаи онҳо дар минтақаҳои буферӣ пешбинӣ гардидаанд. Ҳамзамон муайян намудани намудҳои растаниҳои асосии ғизои ҳайвоноти нодир- бузи пармашох ва гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, баҳогузории ҳолати онҳо дар экосистемаҳои табиии мамнуъгоҳ, омӯзиши таъсири раванди тағйирёбии иқлим ва омилҳои антропогенӣ ба захираи онҳо дар нақша аст.
Экожурналистон инчунин бо мутахассисони соҳавӣ аз мавзеъҳои хушманзараи «Дашти Ҷум», шароити саҳроии кормандони мамнӯъгоҳ, ки беш аз 30 нафаранд, дидан намуда, инчунин бо экосистемаҳои мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум» ва олами бои набототу ҳайвоноти ин минтақаи зебои кишвар, хусусан макони гаштугузори ҳайвоноти нодир, ба мисли бузи кӯҳии пармашох шинос гардиданд. Дар саҳни ҳавлии идораи маъмурии мамнӯъгоҳ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин масъулини марбутаи Кумитаи ҳифзит муҳити зист ва Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» ба хабарнигорон доир ба экосистемаҳои мамнуъгоҳ ва олами бои набототу ҳайвоноти он машғулияти омӯзишӣ гузарониданд.
Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» ягона муассисаи илмӣ-тадқиқотии соҳаи ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон буда, рисолаташ ғайр аз ҳифзи ҳудудҳои мамнуъгоҳ инчунин омода намудани мутахассисони соҳа, гузаронидани корҳои тарғиботӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ва муносибати ғамхорона ба олами набототу ҳайвонот мебошад. Ҳамзамон саҳми мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум» дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон доир ба конвенсияҳои СММ оид ба гуногунии биологӣ ва ҳайвоноти кӯчбанд калон аст.
Бо назардошти истифодаи оқилона ва самарабахши манзараҳои нотакрор ва дилфиреби табиати «Дашти Ҷум» барои рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба экосистемаҳои табии мамнуъгоҳ, муайян намудани мавзеъҳои сайёҳии мамнуъгоҳ ва ташкили хатсайрҳои экологӣ, ҷалби сайёҳон, ташкили маркази омодасозии армуғонҳо барои сайёҳон ва муаррифии онҳо, рушди ҳамкории байналмилалӣ дар бахши сайёҳии экологӣ бо ташкилоти сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дарвоқеъ, «Дашти Ҷум»- ин гӯшаи назаррабо ва нотакрори табиати Тоҷикистон дорои зарфияти бойи табиию сайёҳист, ки метавон зимни истифодаи самаранок аз иқтидори мавҷудаи он ва фароҳам овардани шароити мусоид, аз ҷумла бунёди инфрасохтори зарурии марбут ба рушди сайёҳӣ дар атрофи он, хусусан роҳ ва дигар иншооти хизматрасонию иҷтимоӣ дар он туризми экологиро рушд дод ва сайёҳони хориҷиро ҷалб сохт, зеро дар ин минтақа замина ва шароити мусоид барои рушди туризми экологӣ фароҳам оварда шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»