Дарёфти роҳҳои пешгирии бемории сил дар минтақаи Кӯлоб

«Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти ин мавзӯъ дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи мулоқот аз таҳлил ва натиҷагирӣ аз иҷрои нақшаи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои ‎2015-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», натиҷаҳои мониторинг оид ба фаъолияти пешгирии бемории сил дар минтақаи Кӯлоб, натиҷаи таҳлили дарёфт ва табобати гирифторони бемории сил ва шакли мутобиқатгаштаи он дар минтақаи Кӯлоб иборат буд.
Дар вохӯрӣ намояндагони Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил, Лоиҳаи ХОУП дар Тоҷикистон, Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар минтақаи Кӯлоб ва дигар мутахасисони соҳа сухан гуфтанд.
Бояд зикр намуд, ки дар баробари иҷрои нақшаи амали барнома дар соли 2016, ҳамчунин нақшаҳо барои соли 2017 муайян гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: