Масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон бо ҳайати вилояти Свердловски Россия баррасӣ шуд

ТВТ.17.09.2022. Бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръати Тоҷикистон муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни вохӯрӣ бо ҳайати вилояти Свердловски Федератсияи Россия бо роҳбарии муовини раиси ин вилоят Василий Козлов ва Вазири ҳамкории иқтисодии хориҷии вилоят Вячеслав Ярин масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз қабили корхонаҳои бофандагӣ ва коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоии тайёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, зимни мулоқот А. Абдураҳмонзода зикр намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ду кишвар сол ба сол рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромад.

Зикр гардид, ки дар моҳҳои январ-июли соли 2022 гардиши савдо миёни ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021  41,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон ҷонибҳо таъкид намуданд, ки новобаста аз сатҳи хуби ҳамкории кунунӣ миёни ду кишвар имконияти зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошад.

Вобаста ба ин зимни мулоқот, ки дар фазои созанда ва дӯстона гузашт, ҷонибҳо тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус содироти меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистонро ба вилояти Свердловски Федератсияи Россия баррасӣ намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: