ДАРАХТ БИНШОН! Маъракаи ниҳолшинонӣ охири тирамоҳ оғоз гардида, то фасли баҳор идома меёбад

Дар мамлакат боғдорӣ яке аз соҳаҳои кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мавқеи хос дорад. Рушди  боғдориро  бе ривоҷи соҳаи  ниҳолпарварӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст, чунки солимӣ, дарозумрӣ, маҳсулнокӣ   ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранокии боғи оянда аз ниҳолони он вобастагии калон дорад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров  иброз дошт, «ниҳолшинониро асосан ба 3 марҳила ҷудо намудан мумкин аст: тирамоҳу зимистон, зимистон ва зимистону баҳор».

Ба гуфти саркишоварзи Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварии «Тоҷик-ниҳолпарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Иззатов, «Корхонаи ниҳолпарварии онҳо аз охирҳои моҳи ноябр дар саросари мамлакат маъракаи ниҳолшинониро оғоз намуда, мардумро бо ниҳолҳои ба меъёр ҷавобгӯ таъмин намуда истодааст».

Бояд тазаккур дод, ки ҷумҳурии мо бо сабаби  дорои иқлими гуногун будан аз самти ҷануб ба шимол ва аз шарқ ба ғарб метавонад тамоми фаслҳои сол ҷумҳуриро бо меваҷоти тоза таъмин намояд.

Ба андешаи Ҳикматулло Назиров, «парвариши ниҳоли солим ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартӣ аз ниҳолпарвар вобастагии калон дорад. Ниҳоли ба стандарт ҷавобгӯ бояд 1,40-1,50 метр баландӣ дошта бошад. Инчунин ба решаи он низ бояд таваҷҷуҳи бештар дода шавад. Дар ҳолати шинондани ниҳол як ҳиссаро пору ва се ҳиссаи онро хок ташкил дода, то давраи сабзиш намии хок бояд нигоҳ дошта шавад».

Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки  солҳои охир ба хотири беҳдошти иқтисодиёти мамлакат бештар ба бунёди боғи дарахтони меваҳои содиротӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, зеро дар бозорҳои кишварҳои хориҷӣ талабот ба меваҳои хуштамъи сарзамини мо зиёд аст. Инчунин талаботи аҳолӣ  ба ниҳолҳои себ, зардолу  ва анор бештар шуда, харидорони ин навъ ниҳолҳо зиёд шудаанд.

«Тоҷикистон мамлакати офтобист ва меваҳои донакдор ба нури офтоб бештар ниёз доранд. Аз ин рӯ чунин меваҳо дар Тоҷикистон ширин ва сероб мешавад»,- иброз дошт Ҳикматулло Назиров.

Мавсуф таъкид намуд, ки дар ҳолати шинондани дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла донакдор бояд онҳоро аз ҳамдигар дар масофаи дур шинонда, навдаҳояшонро ба тартиб даровардан зарур аст, зеро  онҳо  ба офтоб ниёзи бештар доранд.

Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2019 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон баъди шинонидани дарахтони себ ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи боғдорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо мардуми ҷамъомада дар бораи тадбирҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, омодагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаҳои боғдорӣ, занбӯриасалпарварӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, афзоиши содироти мева ба хориҷи мамлакат, гирифтани даромади хуби иқтисодӣ, рушди деҳот, бунёди иншооти таъйиноти гуногун, таъсиси ҷойҳои нави корӣ андешаронӣ карда, сокинонро ба вусъати корҳои созандагию ободонӣ ҳидоят намуданд.

Аҳамияти дигари шинонидани ниҳол он аст, ки дарахтон сарвати табиӣ ва манбаи асосии чӯб, хӯрокворӣ, дорувор, ашёи техникиву ороишӣ ва ғайра маҳсуб мешаванд.

Бино ба андешаи мутахасисони ҳифзи муҳити зист,  як гектар ҷангали дарахтон қудрати тоза кардани 18 млн м3 ҳаворо дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: