Дар вилояти Суғд беш аз 566 гектар боғҳои нав бунёд шуданд

Дар хоҷагиҳои кишоварзии шимоли мамлакат майдони бунёди боғу токзори нав меафзояд.

Тавре аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят дар майдони 626,5 гектар ниҳолҳои бисёрсола шинонда шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 566,1 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст.

Аз масоҳати умумии боғҳо дар 654 гектар ниҳолҳои мевагиҳои тухмдор, дар 391,5 гектар ниҳолҳои мевагиҳои донакдор, дар 63,5 гектар ниҳолҳои мевагиҳои мағздор ва дар 42,6 гектар ниҳолҳои мевагиҳои субтропикӣ шинонда шудаанд.

Ҳамзамон, дар ин давра 60,4 гектар токзори нав бунёд карда шуда, инчунин дар майдони 1075,4 гектар боғҳо ва дар 95,9 гектар токзор аз нав барқарор карда шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: