Дар вилояти Суғд 7 коргоҳи коркарди шир бунёд мегардад

Дар семоҳаи аввали соли 2018 дар миқёси вилояти Суғд 24 корхонаи нави саноатӣ таъсис ёфта, 335 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Коргоҳҳои нав асосан корхонаҳои соҳаи саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хўрокворӣ ва саноати сабукро дар бар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании воридотивазкунанда мусоидат хоҳанд намуд.

Дар ин замина, баҳри боз ҳам фарогирии сокинони вилоят бо ҷойҳои доимии корӣ ва кам намудани сатҳи шумораи бекорон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятӣ нақша дорад, ки то анҷоми соли равон шумораи корхонаҳои навро ба 88 адад ва ҷойҳои нави кориро ба 1613 расонад.     Ҳамзамон, аз шумораи умумии коргоҳҳои бунёдшаванда 7 – тоаш коргоҳи нави коркарди шир бо 55 ҷойи корӣ ба ҳисоб рафта, онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Хуҷанд, Деваштич ва Ҷаббор Расулов таъсис дода мешаванд.

Дар робита ба ин бояд зикр намуд, ки дар вилоят солҳои охир афзоиши саршумори чорвои калон ва истеҳсоли шир ба назар расида, дар семоҳаи аввали соли равон дар вилоят 68453,3 тонна шир истеҳсол гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2017  5,7 фоиз зиёд мебошад. Аз  ҷумла, дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар модагов 352 килограмм шир ба даст оварда мешавад. Ҳоло дар миқёси вилояти Суғд 594 коргоҳи саноатӣ, ба таъсири манфии омилҳои беруна нигоҳ накарда, дар давоми семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 2 млрд. 298,1 млн.сомонӣ расонидаанд. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, аз қабили газвори абрешимии тайёр — 6,1 баробар, маҳсулоти ҷорӯбӣ-3,7 баробар, маҳсулоти дӯзандагӣ — 1,9 баробар, қолин ва маснуоти қолинӣ — 10,7 фоиз низ бештар ба назар мерасад.

Вилояти Суғд бо 46 давлатҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла бо 11 ҷумҳурии ИДМ ва 35 кишвари хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дошта, беш аз 21 фоизи гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи кишварҳои хориҷи дур рост меояд.

Дар давраи ҳисоботӣ маҳсулоти коргоҳҳои истеҳсолии вилоят асосан ба Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркия, Россия, Чин, Нидерланд, Италия ва Эрон содирот шудаанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: