Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз 21 то 25 июни соли равон дар ҳавзи шиноварии Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд дуюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад.
Дар мусобиқаи мазкур иштироки беш аз 90 нафар шиновар, аз ҷумла 67 варзишгар аз 7 давлат – Тоҷикистон, Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар назар аст.
Дар ин бора аз Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки зиёда аз 60 нафар варзишгар Чемпионати Тоҷикистон оид ба шиноварӣ доир гардид. Дар натиҷаи мусобиқа аз намуди тарзи озод дар масофаи 50 метр ҷойи 1-ум насиби Олим Ишанов гардид. Ҷойи 2-юмро Алиҷон Хайруллоев ишғол намуда, ҷойи 3-юм насиби Фахриддин Мадкамов варзишгарони шаҳри Душанбе гардид.
Аз намуди тарзи озод байни бонувон дар масофаи 50 метр ҷойи аввал насиби Анастасия Тюрина, ҷойи 2-юм насиби Карина Климик гардида, ҷойи 3-юмро Бардачёва Екатерина соҳиб шуд.
Ҳамчунин Фахриддин Мадкамов варзишгари Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 4 оид ба шиноварӣ»-и шаҳри Душанбе рекорди навро дар таърихи Тоҷикистон дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ бо натиҷаи наздик ба 27 сония гузошт.
Бояд зикр кард, ки иштирокчиёни чемпионат варзишгароне буданд, ки дар марҳилаи аввал ва дуюм дар сатҳи шаҳрӣ ва вилоятӣ ғолибият ба даст оварда, ба даври ниҳоии он роҳхат пайдо намуда буданд. Аз ҷумла, дар ин мусобиқа аз шаҳри Душанбе 3 даста, аз шаҳри Хуҷанд 1 даста ва аз минтақаи Кӯлоб 1 дастаӣ иштирок намуданд.
Дар охир ғолибони Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ бо Диплом, медал ва Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
АМИТ «Ховар»