Дар даврони истиқлолият забони модарии мо ба куллӣ симои худро дигаргун намуда, ба забони тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт. Он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, ба забони робитаҳои байналмилалӣ ва муошироти байни халқҳои сокини ҷумҳурӣ мубаддал гардид. Ин нуктаро муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни ҷамъомади тантанавӣ дар ин ниҳод, ки ба Рӯзи забони давлатӣ бахшида шуда буд, иброз намуд.
Ҳамзамон номбурда таъкид кард, ки заминаҳои ин пешрафти муҳим, пеш аз ҳама, бо татбиқи пайваста ва пайгиронаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба забони давлатӣ муҳайё гардид.
Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён доир ба паҳлӯҳои таърихию илмии асари арзишманди Пешвои миллат «Забони миллат –ҳастии миллат» ибрози назар намуда, зикр кард, ки ин асар дар заминаи ҷабҳаҳои таърихии забони тоҷикӣ бар асоси сарчашмаҳои маълуму дастрас, ахбору асноди дар муомилоти илмӣ машҳур ва андешаҳои дар миёни донишмандон роиҷ таҳия гардидааст. Дар китоб оид ба даврабандии таърихии забони тоҷикӣ, сайри таърихии вожаи «тоҷик» ва забони тоҷикӣ, забони тоҷикӣ дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор: аҳди Тоҳириён, Саффориён ва эҳёи давлатдории миллӣ, куҳантарин намунаҳои хаттии забони тоҷикӣ, нахустин осори хаттии назму насри тоҷикӣ, замина ва омилҳои ташаккули забони адабӣ, забони илм ва ташаккули истилоҳот ва ғайраҳо маълумот дода шудааст, ки мутолиаи он ба хонанда, хусусан барои ҷавонон хеле зарур ва муфид аст.
Дар ҷамъомад, ки олимон ва забоншиносони маъруфи кишвар иштирок доштанд, дар бораи муҳимтарин рукни фарҳанги миллӣ ва нақши созандаи он дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон сухан гуфтанд.
АМИТ "Ховар"