Данғара: машғулиятҳо барои омода кардани духтарони сарвар

Барои ҷавондухтарони  ноҳияи Данғара  бо  иқдоми  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон  курсҳои   духтарони сарвар  гузаронида мешаванд. Дар ин бора аз мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилоят  иттилоъ  доданд.

Ин  иқдом тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022» ба  роҳ  монда  шудааст.

Соли дуюм  аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чунин курсҳои омӯзишӣ доир мешаванд.

Ташкили курсҳои  омода  кардани  духтарони сарвар  дар  Данғара  имконият  медиҳад,  ки донишҷӯдухтарони мактабҳои олӣ ва  коллеҷҳо  ба  омӯзиш  фаро гирифта  шаванд.  Машғулиятҳо  ҳафтае як  маротиба  гузаронида  мешаванд.

АМИТ "Ховар"

Tags: