Панҷ донишҷӯи се донишгоҳи олии Тошканд, ки дар хонаи шахсӣ якҷоя зиндагӣ мекарданд, бо маводи номаълум заҳролуд ва ҳалок шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 28 феврал, дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Ӯзбекистон иттилоъ додааст.
Тибқи маълумоти хадамоти матбуот, 27 феврал, соати 20.50 дар яке аз хонаҳои шахсӣ дар ноҳияи Юнусободи Тошканд ҷасадҳои панҷ донишҷӯи се донишгоҳи олии пойтахти Ӯзбекистон пайдо шуданд.
«Мутобиқи хулосаи пешакии ташхиси судӣ-тиббӣ, сабаби марги донишҷӯён заҳролудшавии шадид бо маводи номаълум мебошад», — омадааст дар изҳороти Прокуратураи генералӣ дар канали Telegram.
Тибқи иттилои идора, прокуратураи ноҳияи Юнусободи Тошканд дар робита ба марги донишҷӯён тибқи моддаи Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон «вайрон кардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор, ки боиси марги чанд нафар шудааст», парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Тафтиши парвандаи ҷиноятиро Прокуратураи генералӣ зери назорат қарор додааст, илова намуданд дар хадамоти матбуот.
АМИТ «Ховар»