Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон ҷараён доранд

Имрӯз, 20 декабр Рӯзҳои тибби Қазоқистон дар Тоҷикистон  ҷараён гирифта, дар доираи он роҳандозии намоиши дастовардҳои соҳаи тандурустии Қазоқистон, мастер-классҳо, машваратҳо ва амалиёти ҷарроҳӣ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои тибби Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 декабр ифтитоҳ гардиданд. Зимни ифтитоҳи он зикр шуд, ки робитаҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳамаи соҳаҳо,  аз ҷумла дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мутақобилан судманд ва назаррас мебошанд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи рӯзҳо роҳбарияти вазоратҳои тандурустӣ, марказҳои  илмиву ҷумҳуриявӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, клиникаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии ду ҷониб иштирок намуданд.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода оид ба сатҳи баланди ҳамкорӣ, инчунин муҳимияти андешидани тадбирҳо барои таҳким ва густариши робитаҳо, алахусус дар соҳаи тандурустии ду мамлакат сухан гуфта, сатҳи робитаҳои мавҷударо дар ин ҷода натиҷаи сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии ду давлат арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки Қазоқистон солҳои охир дар самти ҳифзи саломатии ҷамъиятӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои баландсифату баландихтисоси тиббӣ тавассути таҳкими кумаки аввалияи тиббӣ, рушди технологияҳои инноватсионӣ ва рақамисозии соҳаи тандурустӣ натиҷаҳои назаррас нишон медиҳад.

Бояд гуфт, ки шурӯъ аз соли 2003 миёни муассисаҳои тиббии ду мамлакат ҳамкории дуҷониба ба роҳ монда шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: