Дар Тоҷикистон низоми пардохтии нав – «UnionPay International Co., Ltd» ба фаъолият шурӯъ мекунад

Дар Тоҷикистон низоми нави пардохтии «UnionPay International Co., Ltd» ба фаъолият оғоз мекунад. Дар робита ба ин  Бонки миллии Тоҷикистон ба низоми пардохтии «UnionPay International» иҷозатнома дод.

Бонки миллии Тоҷикистон, иттилоъ медиҳад, ки иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтии «UnionPay International» ба муҳлати 3 сол дода шудааст.

Дар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Идораи низоми пардохтии «UnionPay International» уҳдадор карда мешавад, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: