Дар Тоҷикистон дар самти хариди давлатӣ низоми электронӣ ҷорӣ мешавад

Дар  шаҳри  Қӯрғонтеппа  дар  мавзӯи «Амалияи  анҷом додани  хариди давлатӣ  тавассути  низоми  электронӣ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон» семинари дурӯза  доир гардид.

Семинар  бо ибтикори   Агентии  хариди давлатии мол,  кор  ва  хизматрасонии  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон    баргузор гардид.

Ба иштирокчиёни семинар  дар  бораи  сиёсати  пешгирифтаи  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  соҳаи хариди давлатӣ  ва татбиқи он маълумот дода шуд. Ҳамзамон иштирокчиён  аз ташаббускорони семинар оид ба хариди электронӣ пурсон шуда,  ҷавобҳои судманд гирифтанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: