Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 53 корхона дар самти истеҳсоли либоси мактабӣ ба қайд гирифта шуда, беш аз 401 ҳазор дона либоси мактабӣ истеҳсол намудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 ба андозаи 79 ҳазор дона зиёд мебошад.
Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷумҳурӣ солҳои охир истеҳсоли либоси мактабӣ мунтазам тамоюли афзоиш дошта, соли 2014 – 79 ҳазор, соли 2015 – 526 ҳазор, соли 2016 – 1 млн. 7 ҳазор, соли 2017 – 1 млн. 81 ҳазор ва соли 2018 1 млн 128 ҳазор донаро ташкил додааст. Дар соли хониши 2019-2020 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон талабот ба либоси мактабӣ 985 ҳазор дона ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ дӯхти либоси мактабӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, роҳандозӣ гардидааст.
Ҳамчунин аз якуми январи соли 2018 Стандарти давлатии «Либоси мактабӣ» ба тасвиб расидааст, ки корхонаҳои соҳа бо риояи талаботи стандарти мазкур либосҳои мактабӣ истеҳсол намуда истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати рушди истеҳсолот, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар самти хуштарҳу замонавӣ ва рақобатпазир истеҳсол намудани либоси мактабӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ имтиёзҳои андозӣ фароҳам оварда шудаанд.
2 майи соли 2019 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ, ки таҳвили (фурӯши) онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд» тасдиқ шуд.
Тибқи қарори мазкур, фурӯши либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод гардидаанд, ки имтиёзи мазкур бевосита ба пасттар гардидани нархи либоси мактабӣ мусоидат менамояд.
Бояд таъкид намуд, ки роҳандозии истеҳсоли либоси мактабӣ дар мамлакат метавонад барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ ва дар ин замина ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намояд.
Ба бар намудани либоси ягонаи мактабии истеҳсоли ватанӣ дар замири хонандагон ҳисси баланди зебоипарастӣ, одобу ахлоқи намунавӣ, озодагии хулқу атвори ҳамидаро тарбия намуда, дар болоравии худшиносӣ ва ифтихори миллӣ нақши босазо дорад.
Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат, дар аксарияти корхонаҳои соҳа, ба монанди «Гулистони Душанбе», «Нассоҷии Тоҷик», «Ёқут-2000», «Нассоҷи Хуҷанд», «Зинат», «Ҳусния-Б», «Ниҳол», «Даҳбед», «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Коргоҳи дӯзандагӣ», «Алишер АСК», «Самои К», «Кохи Бонувон» ва дигарон таҷҳизоти муосир васл гардида, хати технологӣ пурра бо дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар ин коргоҳҳо имконияти дӯхти либоси мактабӣ ҳам барои писарон ва ҳам барои духтарон фароҳам оварда шудааст.
«Дар корхонаи «Нассоҷи Хуҷанд» силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба роҳ монда шуда, дар баробари истеҳсоли ришта ва матои пахтагин, маҳсулоти дӯзандагӣ, инчунин матои омехта (аз нахи пахта ва нахҳои синтетикӣ) истеҳсол мегардад, ки имконияти қисман таъмин намудани корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ бо матоъ ҷиҳати истеҳсоли либоси мактабӣ фароҳам оварда шудааст»,-илова намуд манбаъ.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар миқёси ҷумҳурӣ теъдоди умумии хонандагон 1,9 млн. нафарро ташкил дода, иқтидори корхонаҳои дӯзандагии мамлакат баҳри пурра таъмин намудани онҳо бо либоси мактабӣ басанда мебошад. Дар ҳолати сари вақт, сифатнок анҷом додани кор ва назорати ҷиддии масъулин имконияти истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаю коргоҳҳо фароҳам оварда шуда, хонандагон пурра бо маҳсулоти воридотивазкунандаи хушсифат таъмин мегарданд.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»