Дар Спитамен ба маблағи 74 млн 368 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд

Дирӯз таҳти раёсати Раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2016 маҷлиси фаъолони ноҳия баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.
«Тибқи ҳисоботи раёсати молияи ноҳия нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар ин давра 95,8 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 43 миллиону 988 ҳазор сомонии нақшавӣ ба буҷет 42 миллиону 156 ҳазор сомонӣ андозу даромадҳои гуногун ворид гардиданд. Ин рақам нисбат ба нақша ба маблағи 1 миллиону 832 ҳазор кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба маблағи 3 миллиону 193 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад»,-иттилоъ дод манбаъ.
Ҳамчунин дар ёздаҳ моҳи соли равон ба маблағи 74 млн 368 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 баробар зиёд мебошад. Илова бар ин дар ёздаҳ моҳи соли равон 18 иншооти таъйиноташон гуногун, аз ҷумла, 5 корхонаи саноатӣ, 2 мактаб, 1 кӯдакистони хусусӣ, 1 толори варзишӣ ва дигар биноҳои хизматрасонӣ бунёд шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: