ТВТ.01.07.2022. 30-юми июн дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон нишасти кории роҳбарони Марказҳои тадқиқоти стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре манбаъ иттилоъ дод, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ин таҳким ва рушди ҳамкории илмӣ-таҳлилӣ миёни марказҳои зеҳнӣ, таҳлилу баррасии вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ, мушаххаснамои хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ ва воқеие, ки ба амнияти минтақа осебпазиранд, коркарди василаҳои муҳими таъминкунандаи рушди устувор, ташаккули системаи муштараки ҳифзи субот ва амният мебошад.
Ҳамзамон дар ҷаласаи корӣ роҳбарони марказҳои зеҳнӣ тавсия ва пешниҳодҳоро барои рӯзномаи нишасти машваратии Сарварони Осиёи Марказӣ, ки қарор аст нимаи дуюми соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад, омода намуданд.
Дар нишасти роҳбарони Марказҳои тадқиқоти стратегии Осиёи Марказӣ аз ҷониби Тоҷикистон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Х. Усмонзода дар суханронии худ вазъи минтақа ва ҷаҳонро аз нигоҳи илмӣ огоҳона таҳлил намуда, тавсияҳои судманд ва пешниҳодҳои арзишмандро барои рушди минбаъдаи Осиёи Марказӣ ва пешгирии хатару таҳдидҳо ва пойдории суботи фарогир баён намуд.
Ҷаласаи кории роҳбарони Марказҳои тадқиқоти стратегии Осиёи Марказӣ дар рӯҳияи самимият ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»