Дар Ӯзбекистон теъдоди сироятшудагони коронавирус боз 22 нафар зиёд шуда, акнун ба 1,604 нафар расидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.
Дар Ӯзбекистон бори аввал 15 март дар як зане, ки аз Франсия баргашт, бемории COVID-19 –ро ошкор намуданд. Дар ҷумҳурии Ӯзбекистон ин нахустин шаҳрванди сироятёфта буд. Рӯзи душанбе шумораи гирифторони коронавирус 1582 нафарро ташкил дод, ки аз ин панҷ нафар фавтида, 261 нафар шифо ёфтаанд. Шурӯъ аз 1 апрел ҳукуматдорон дар Тошканд ва дигар минтақаҳо низоми хонанишинӣ ҷорӣ намуданд, ба шаҳрвандони аз 65-сола боло тарк кардани хона манъ карда шуда, қариб 90 ҳазор нафарро бо карантин фаро гирифтаанд. Комиссияи махсуси зидди коронавирус маҳдудиятҳои крантиниро то 10 май тамдид кард.
«Ба ҳолати 20 апрели соли 2020, соати 18.00 дар Ӯзбекистон теъдоди мубталоёни коронавирус аз 1604 нафар иборат мебошад»,- гуфта мешавад дар изҳороти шабакаи барқиявии «Telegram» -и Вазорати тандурустӣ. Рӯзи якшанбе боз 75 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
АМИТ «Ховар»