Дар шаҳри Норак 53 гектар боғи анор барқарор гардида, 3 гектар анорзор бунёд шуд

НоракКишоварзони шаҳри Норак ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  ва бо мақсади ҷавонкунии боғҳо дар шаҳр 53 гектар боғҳои кӯҳнаи анорро пурра решакан намуда, онро барқарор намуданд. Тибқи  нақшаи бунёди боғҳо, соли равон дар шаҳр 13 гектар боғҳои нав бунёд гардиданд, ки аз ин 3 гектар боғи анор мебошад.

Мудири шуъбаи кишоварзии шаҳри Норак Комилҷон Носирзода зикр намуд, ки  айни замон дар шаҳр 477 гектар боғу токзор  парвариш ёфта истодаанд, ки дар онҳо имрӯзҳо  коркарди химиявии байни қаторҳо ва ғизодиҳии дарахтон пурра ба анҷом расонида шудааст. Ҳамчунин дар 5 хоҷагии деҳқонии шаҳр  198 гектар боғҳои анор парвариш ёфта истодаанд, ки ҳолати нашъунамо  ва шаклдиҳии дарахтон дар ҳолати хуби агротехниқӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки имсол ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак баргузор мегардад. Кишоварзону сокинон баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон боғи анори шаҳрро тариқи ҳашарҳои умумӣ тоза намуда, онро   ҳамчун боғи намунавӣ ба меҳмонон муаррифӣ менамоянд.

АМИТ«Ховар»