Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари ҳамлаҳои ғайринсонии интиҳориён ба ду калисои ҷомеи қибтиҳо дар кишвари дӯсти Миср, ки бар асари онҳо даҳҳо мардуми осоишта ба ҳалокат расида, ҷароҳати вазнин бардоштанд, боиси андӯҳ ва нафрати беандозаи ин ҷониб гардид.
Мо ин амалҳои маргталабонаро бо нигаронии шадид маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифтротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамоем.
Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба аҳли наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми Миср изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам».