Ифтитоҳи консулгариҳои нави Тоҷикистон дар Русия

Дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирски Федератсияи Русия консулгариҳои генералӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудааст.
Дар ин хусус дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар дода, меафзояд, ки
Давлаталӣ Назризод консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва Шамсиддин Зардӣ консули генералии Тоҷикистон дар Новосибирск таъйин гардиданд.
Бино ба иттилои манбаъ, феълан корҳои ташкилӣ оид ба оғози кори ин ду консулгарӣ идома доранд.
Бояд таъкид кард, ки дар натиҷаи ҳамкории судманд дар шаҳрҳои Москва, Екатеринбург, Уфа, Санкт-Петербург, Новосибирск, ки минтақаҳои калонтарини Федератсияи Россияро дарбар мегиранд, консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидаанд.
Консулгариҳои мазкур барои ҳифзи манфиат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин минтақаҳо аҳамияти муҳим доранд.

Tags: