Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии чор ноҳияи пойтахт сокинонро огоҳ мекунанд, ки дар рӯзи Иди Қурбон забҳ намудани чорво дар ҷойҳои муқаррарнашуда қатъиян манъ буда, барои ин кор ҷарима пешбинӣ шудааст.
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки ҷиҳати пешгирии забҳи чорвои қурбонӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда, аз ҷумла дар назди биноҳои баландошёна тадбирҳои амалӣ андешад.
Тавре аз Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори Раиси шаҳр, ки 3 августи соли ҷорӣ таҳти рақами 436 ба тасвиб расидааст, сокинон чорвои худро бояд дар ҷойҳои махсусгардонидашуда ва доимӣ — назди саллоххонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ва саллоххонаи ҶДММ «Ёвар-11» забҳ намоянд. Аз ҷумла, чорво дар ноҳияи Фирдавсӣ дар назди бинои ҶДММ «Комбинати гӯшту консерва»-и шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Фучик, 4, дар ноҳияи Сино дар назди ҶДММ «Ангара», воқеъ дар маҳаллаи “Роҳи нав”, дар ноҳияи И.Сомонӣ дар назди Маҷмааи байторӣ, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ (дар назди МБГ-2) ва дар корхонаи замонавии забҳи чорвои ҶДММ «Ёвар-11», воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ бояд забҳ карда шаванд. Ҳамчунин дар чор самти шаҳр барои забҳи чорво 93 нуқтаи муваққатӣ муайян карда шудаанд, ки суроғаи муайяни онҳо аз 27 август ҳамарӯза тариқи телевизион ва радиоҳои давлатӣ пахш шуда истодааст.
Бино ба иттилои манбаъ, мақсад аз манъ намудани забҳи чорво дар назди манзилҳои истиқоматӣ- ин кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист ва пешгирии бемориҳои сироятию гузаранда мебошад.
P.S. Дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Мачмааи бойтории забҳи чорво» таьсис дода шудааст ва аз 25-уми август дар назди он ярмаркаи вижаи фурӯши чорво барои иди Қурбонро ба кор сар кард. Дар ин ярмарка ҳар рӯз то 300 сар чорво бо нархи арзонтар аз бозор фурӯхта мешавад.
Масъулони «Маҷмааи бойтории забҳи чорво” мегӯянд, ҳамчунин рӯзи Иди Қурбон дар инҷо чорвои қурбонии мардумро бепул забҳ хоҳанд кард.
АМИТ "Ховар"