Аз 29 ноябр то 5 декабри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайатҳои корӣ ва топографии ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Ҳайатҳои корӣ ва топографӣ 24,01 км сарҳадро мувофиқа намуданд. Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуд, Протоколи навбатӣ ба имзо расид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таъйини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Кирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд.