Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Саодатшо» ва дастовардҳои кишоварзии ноҳияи Данғара шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар деҳаи Лоларухи ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо парвариши сабзавоту полезӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Саодатшо” шинос шуданд.

Майдони умумии хоҷагӣ 40 гектарро ташкил намуда, истеҳсоли ғалладона, сабзавот, полезӣ ва хӯроки чорво самтҳои асосии фаъолияти аҳли заҳмати онро ташкил медиҳад. Аз майдони умумии хоҷагӣ 25 гектараш обӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматкашонро ба истифодаи васеи имкониятҳои табиӣ барои истеҳсоли неъматҳои моддӣ, баланд бардоштани самаранокии замин ва гирифтани чанд ҳосил аз як қитъа ҳидоят намуданд.

Тавре зикр гардид, ин соли дуюм аст, ки кишоварзон баъди обёрӣ шудани заминҳои ин мавзеъ ба зироаткорӣ машғуланд. Обёрии пиёз ба таври қатрагӣ ба роҳ монда шудааст. Фароҳам гаштани шароити мусоид ҳосилнокиро баланд бардоштааст.

Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дастовардҳои кишоварзони ноҳия муаррифӣ карда шуд.

Тавре аён шуд, истифодаи муфид аз боду ҳавои имсола, васеъкунии имкониятҳои истеҳсолӣ аз ҳисоби заминҳои нав ва гирифтани чанд ҳосил аз як қитъа ба афзоиши нишондодҳои истеҳсолӣ дар соли 2024 боис гардидааст.

Имсол кишоварзони ноҳияи Данғара дар майдони 26 886 гектар ғалладона, 1027 гектар картошка, 1617 гектар сабзавот, 1539 гектар полезӣ, 5018 гектар пахта ва дигар намуди зироат кишт намудаанд. Заҳмати пайваста, риояи агротехникаи кишту парвариш ва дар истеҳсолот афзалият додан ба истифодаи технологияи муосир афзоиши нишондодҳои истеҳсолиро таъмин намудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаи дастовардҳои кишоварзони ноҳия баҳои баланд дода, масъулини дахлдори соҳа ва меҳнаткашонро ба истифодаи пурраи имкониятҳои табиӣ, баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ ва захираи маводи ғизоӣ барои ду соли оянда вазифадор намуданд.

Сармашқи фаъолият қарор додани дастуру супоришҳои Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки тавассути васеъкунии майдони кишт аз ҳисоби заминҳои бекорхобида, гирифтани чанд ҳосил аз як қитъа ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ афзоиши нишондодҳои истеҳсолӣ дар ноҳияи Данғара таъмин карда шавад.

Ҳамин аст, ки имрӯз кишоварзони ноҳияи Данғара дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, содироти маҳсулот ба дигар давлатҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми намоён мегузоранд. Аз ноҳияи Данғара ба дигар давлатҳо аллакай ҳазорҳо тонна маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ содир карда шудааст.

Соли 2023 маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон 35,3 миллиард сомониро ташкил намуда буд, ки аз ин 2 миллиарду 550 миллион сомонӣ ё 7,2 фоиз ба ноҳияи Данғара рост меояд.

Дар 8 моҳи соли 2024 маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Данғара ба 1,7 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки дар миқёси вилоят баландтарин нишондод ба ҳисоб меравад.

Tags: