ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе кӯчаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе қатъ мегардад

Аз соати 22:00-и 3 август то соати 23:00-и 4 августи соли 2020  бо сабаби  иҷрои корҳо ҷиҳати пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 1200 мм ба шоҳқубури амалкунанда  дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои А.Мухторов, Камола, Нодира, Хуҷамбиёи боло, Хуҷамбиёи поён, Шафақи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои  Шодоб ва Арғувони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  қатъ мегардад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе  раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд»,-афзуд манбаъ.

Ҳамчунин Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе уҳдадор гардидааст, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш  менамояд, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро  барои як шабонарӯз захира намоянд.

АМИТ «Ховар

Tags: