Дар Санкт-Петербург нақши парлумонҳоро дар муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ муҳокима мекунанд

28 июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия «Нақши дипломатияи парлумониро дар ҳалли масоили рӯзномаи байналмилалӣ» дар муҳокимаҳои парлумонӣ баррасӣ мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «БелТА» хабар медиҳад.

«Чорабинӣ дар асоси қарори иҷлосияи 55-уми Маҷлиси парлумонӣ баргузор мегардад ва ба баррасии масоили таҳияи тадбирҳо ва роҳҳои муқовимати ҷомеаи парлумонӣ ба таҳдидҳои амнияти байналмилалӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳамгироии муттасили парлумонӣ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ бахшида мешавад», — омадааст дар хабар.

Барои иштирок дар муҳокимаҳо вакилони парлумон аз Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон, Қирғизистон, баъзе аз кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ даъват карда мешаванд. Илова бар ин, дар муҳокимаҳо иштироки намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сиёсатшиносон, олимон ва коршиносони варзида дар назар аст. Ташкилкунандагон Маҷлиси парлумонии Иттиҳоди Беларус ва Россия ва Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: