Дар Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир шуд

Аз 25 то 30 октябр бино ба тавофуқи ҳосилшудаи тарафҳо, дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон барпо гардад.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

АМИТ «Ховар»

Tags: