Дар Россия теъдоди муҳоҷирони корӣ тақрибан ду маротиба коҳиш ёфтааст

Теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Россия дар айни замон тақрибан 6 миллион нафарро ташкил медиҳад, хабар додааст Вазорати корҳои дохилии Россия ба «РИА Новости». Вазорат изҳор кардааст, ки маъмулан ин рақам метавонад ба 11 миллион нафар бирасад.

«Ҳар сол аз 9 то 11 миллион шаҳрвандони хориҷӣ ба Федератсияи Россия меоянд. Имсол шумораи онҳо тадриҷан коҳиш ёфт ва айни замон тақрибан 6 миллион (6,3 миллион) нафарро ташкил медиҳад”, — гуфта шудааст дар посух ба дархости дахлдор.

Дар айни замон тақрибан як миллион нафар иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ё иҷозат барои истиқомат доранд, таъкид кардааст ВКД Россия.

АМИТ «Ховар»

Tags: