Шӯрои амнияти СММ ҳамлаҳои террористиро дар маркази Кобул, ки бар асари онҳо беш аз 100 нафар қурбон шуданд, маҳкум кард. Дар изҳороти рӯзи шанбе барои нашр қабулгардида аъзои Шӯрои амният барои ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин ҳамлаи террористӣ, ки масъулияти онро ҳаракати ифротии «Толибон» /мамнӯъ дар Тоҷикистон/ бар дӯш гирифт, баромад намуданд. Дар ин бора агентии ТАСС менависад.
Бино ба иттилои манбаъ, аъзои Шӯрои амният ин ҳамларо ваҳшиёна ва нопок хонда, ба наздикони қурбониён ва ҳукумати Афғонистон изҳори тасаллият намудаанд. Онҳо инчунин аз он ёдовар шуданд, ки амалҳои террористӣ ҷиноят мебошанд ва бо ҳеҷ баҳонае сафед карда намешаванд.
«Аъзои Шӯрои амният зарурати ба ҷавобгарӣ кашидани иҷрокунандагон, ташкилкунандагон ва сарпарастони ин амалҳои ношоями террористиро таъкид намуда, ҳамаи давлатҳоро ба ҳамкории фаъол бо ҳукумати Афғонистон ва дигар мақомоти манфиатдор мутобиқи уҳдадориҳои онҳо дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва қатъномаи Шӯрои амният даъват карданд», — гуфта мешавад дар изҳорот. Илова бар ин, аъзои Шӯрои амният давлатҳоро даъват намуданд, ки бо истифода аз тамоми воситаҳо ва гузоштани эҳтиром ба меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, ҳуқуқи инсон бар зидди терроризм мубориза баранд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи шанбе, 27 январ дар наздикии маҳаллаи ҳукуматӣ дар пойтахти Афғонистон таркиш рух дод. Дар натиҷаи он беш аз 103 нафар қурбон ва 235 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.
АМИТ "Ховар"