Дар Рашт Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бандкашӣ доир гардид

6 сентябр дар ноҳияи Рашт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бандкашӣ доир гардид. Дар натиҷаи қувваозмоӣ ҷои аввал насиби дастаи Рашт гардида, ҷои дуюм  ба дастаи Душанбе-1 ва ҷои сеюм ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дода шуд. Ба ғолибон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медал ва диплом супорида шуд.

Тавре аз Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бандкашӣ беш аз 50 варзишгар дар ҳайати 5 даста: ду даста аз Душанбе, дастаҳои Хатлон, Рашт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат намуданд.

Мусобиқаи мазкур дар доираи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор шуда, мақсад аз он тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушду пешрафти соҳаи варзиш ва инчунин ташаккули бозиҳои миллии варзишӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: