Ҳафтаи сипаришуда кормандони Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ як зумра корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир намуда, бо мақсади танзими воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, ошкор ва муайян намудани вайроннамоии қоидаҳои ҳаракати роҳ маҷмӯи чорабиниҳои пешгирикунанда баргузор намуданд.
Тавре аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд, дар доираи баргузории як амалиёт, ки се рӯз идома ёфт, аз ҷониби нозирони роҳ 2234 адад ҳуқуқвайронкунӣ муайян, ошкор ва ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамчунин зимни доир намудани амалиёти мазкур 5 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкор гардида, баъди гузаронидани санҷишҳои соҳаи тандурустӣ ҷиҳати дар ҳолати мастӣ қарор доштани ронандагон нисбат ба онҳо маводи маъмурӣ тартиб дода шуд. Мошинҳои ронандагони сархуш ба майдончаи ҷаримавии шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ворид карда шуд.
АМИТ "Ховар"