Дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Надежда Антонова меъёри Устоди варзиши дарҷаи байналмилалӣ байни занон (WIM)-ро иҷро намуд

ТВТ.22.08.2022 . Дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот узви дастаи занонаи Тоҷикистон Надежда Антонова бо гирифтани  холҳои  мувофиқ меъёри Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ байни занон (WIM)- ро иҷро кард.

Тавре қаблан иттилоъ додем,  Олимпиадаи 44-уми умумиҷаҳонии шоҳмот  29 июл дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон оғоз гардида, 9 август ба анҷом расид. Дар он 3 нафар шоҳмотбозони Тоҷикистон унвони устоди ФИДЕ (FM)-ро ба даст оварданд.  Аз ҷумла, узви дастаи занонаи Тоҷикистон Надежда Антонова аз 10 холи имконпазир 8 хол  ба даст оварда, меъёри Устоди  варзиши дараҷаи байналмилалӣ байни занон (WIM)-ро  иҷро кард.

Надежда Антонова 12 ноябри соли 1988 дар Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон миёни духтарон ва занон, иштирокчии ҳашт Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот мебошад. Аз соли 2010 инҷониб устоди ФИДЕ аст.

Соли 2011 факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро (ДСРТ) бо ихтисоси «муаллими забони англисӣ» бо дипломи аъло хатм намуда, дар кафедраи филологияи англисии ДСРТ ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ кор мекунад.

Феълан дар шуъбаи шоҳмоти Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, ҷавонон ва сайёҳии Русия таҳсил мекунад.

Надежда дар оилаи шоҳмотбоз ба дунё омадааст. Падари ӯ Павел Антонов солҳои зиёд дар мактаби шоҳмот мураббӣ шуда, кор мекард ва модараш Лидия Антонова низ шоҳмотбози  маъруфи Тоҷикистон мебошад.

Манбаъ:​ АМИТ «Ховар»

Tags: