Дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Исфара корҳои биотехникӣ — ғизодиҳӣ гузаронида шуданд

18 феврал аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ дар мавзеи дашти Искодари ноҳия корҳои биотехникӣ гузаронида шуда, барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин мавзеъ ба миқдори 150 кг гандум ва 50 банд алаф дар ҷойҳои махсус муайян пошида шуд.   

Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар“ масъулини шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Зикр шуд, ки корҳои биотехникӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ аз фасли зимистон гузаронида шуда истодаанд.

Баҳри беҳтар сохтани вазъи экологӣ ва таъмини олами наботот дар мавзеи Сиёҳкӯҳи шаҳри Исфара низ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал корҳои ғизодиҳӣ анҷом дода шуда, зимни он  барои ҳайвоноту паррандагони ин мавзеъ ба миқдори 950 кг дону гандум ва 20 адад бастаи коҳ гузошта шуд.

Тибқи нақшаи чорабинии раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят корҳои биотехникӣ — ғизодиҳӣ дар дигар минтақаҳои қаламрави вилояти Суғд идома доранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: