Дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кураш барои ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон паҳлавонони тоҷик 4 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Куматаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Нашри 15-уми мусобиқа ба хотираи Ҳаким Тирмизӣ дар шаҳри Тирмиз аз рӯи панҷ категорияи вазнӣ бо иштироки беш аз 150 нафар паҳлавонон аз 30 давлат сурат гирифт.
Медали тиллоро дар ҳайати Тоҷикистон Муҳаммадризо Қувватов дар вазни -60кг сазовор шуд. Ӯ дар қувваозмоии финалӣ Абдулазиз Ҳамроеви ӯзбекистониро мағлуб кард.
Додохон Қурбоналиев дар вазни мутлақ медали нуқраро ба гардан овехт. Ҳусайн Ислоҳзода дар вазни -73кг ва Неъматулло Арслонқулов дар вазни мутлақ медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Ғолибон бо медал ва ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
АМИТ «Ховар