Дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи сирояти коронавирус ҷараён доранд

Ҳарчанд то имрӯз сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, новобаста ба ин муассисаҳои тандурустӣ бояд ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи сирояти мазкур, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани нафарони сироятёфта ҳамаҷониба омода бошанд. Дар ин робита, ба масъулини соҳа супоришҳои қатъӣ ҷиҳати дар ҳолати зарурӣ омода будани  муассисаҳои тиббии мамлакат  ва табибон дода шуд. Ҳамчунин  табибон даъват гардиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба роҳ монанд.

Ин матлаб 27 март зимни ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва бештар андешидани тадбирҳои қатъӣ вобаста ба пешгирии интиқоли сирояти мазкур ба мамлакат баён гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.

Дар ҷаласа муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, роҳбарон ва сардорони як зумра муассисаю раёсатҳои тандурустӣ иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки назорати қатъии гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки аз хориҷи мамлакат ба Тоҷикистон бармегарданд, яке аз масъалаҳои меҳварие мебошад, ки зери назорати қатъии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Зимни ҷаласа оид ба рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 1  феврал то кунун 5919  нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин  фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора 2050  нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3870  нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  дар  карантин  қарор доранд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз, 28 март дар мамлакат ягон ҳодисаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: