Дар муассисаҳои таълимии Хуҷанд гӯшаҳои махсуси омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил мешаванд

Вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд барои тарбияи зебоипарастӣ ва касбомӯзии хонандагон гӯшаҳои махсуси адрасбофию атласбофӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, дуредгарӣ, челонгарӣ, рӯзгордорӣ ва дигар намудҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешаванд.

Дар  ин бора зимни машварати васеи кории раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо роҳбарони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, хусусӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дастур дода шуд.

Дар машварат ҳамчунин аз санҷиши гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба вазъи татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омодагии омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр барои гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ, давомоти хонандагон, ҳолати китобҳои дарсӣ ва рӯзномаю дафтарҳои кории  хонандагон натиҷагирӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки раванди тадриҷан беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон, махсусан сатҳи зиндагии кормандони маориф ва илм аз  сиёсати пайгиронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои судманд дар роҳи паст кардани  сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии  мардуми  ҷумҳурӣ   маҳсуб  мешавад.  Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҳар як корманди соҳаи маориф бояд баҳри пешбурди соҳа, тарбия намудани хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, дуруст ва самарабахш ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия кӯшиш ба  харҷ диҳад.

АМИТ "Ховар"

Tags: